Таҷрибаи рӯзгор

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра1 бигир,
Ки баҳри дафъи2 ҳаводис3 туро ба кор ояд!

ВАЗН: Муҷтаси мусаммани махбун (мафоилун фоилотун мафоилун фаълун).

Луғат:

1. Баҳра: фоида, суд.

2. Дафъ: дур кардан, бартараф намудан.

3. Ҳаводис: ҳодисаҳо, воқеаҳо.

Маънии фард: Эй ҷавонмард, туро зиндагӣ устоди накӯст, бирав, зиндагиро биёмузу аз неку бади он панд бигир ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардор, ки рӯзе ҳамон таҷриба барои ҳалли мушкилот ва халосӣ аз вазъияти номусоид ба ту ёрӣ медиҳад.