Теғи мижгонро ба хуни ишқбозон тез кун

Теғи мижгонро ба хуни ишқбозон тез кун,
Ғамзаро дар қатли покон ханҷари хунрез кун.

Бо чунин шакли пурошӯб о бурун як бомдод,
Шаҳрро дармондаи ғавғои растохез кун.

Талхкомам аз турушрӯйии ту, баҳри Худо,
З-он ду лаб як хандаи ширини шӯрангез кун.

Зоҳидо, гар бор хоҳӣ дар сафи дурдикашон
Субҳа бифган в-аз сабӯи бода дастовез кун.

Хуфтаам чун чашми ту бемор, пурсиш кун маро,
Шарбати бемориям аз лафз шаҳдомез кун.

Менишонам з-остонат аз сиришки дида гард,
Хуни ноб аст ин на об, ай ҷон, аз ин парҳез кун.

Шуд Ҳарӣ, Ҷомӣ, зи зулми ғамзаи туркон хароб,
Рӯй дар маҳрусаи1 Шероз ё Табрез кун!


1 Маҳруса – мамлакат, қаламрави подшоҳ.