Тозабаҳоро, варақат зард шуд

Тозабаҳоро, варақат зард шуд,
Дег манеҳ, к-оташи мо сард шуд.

Чанд хиромию такаббур кунӣ,
Давлати порина тасаввур кунӣ?

Пеши касе рав, ки талабгори туст,
Ноз бар он кун, ки харидори туст.