Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф

296

Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф,
Гар бикашам, зиҳӣ тараб в-ар бикушад, зиҳӣ шараф!

Тарфи карам зи кас набаст ин дили пурумеди ман,
Гарчи сухан ҳамебарад қиссаи ман ба ҳар тараф.

Аз хами абруи туам ҳеч кушоише нашуд,
Ваҳ, ки дар ин хаёли каҷ умри азиз шуд талаф.

Абруи дӯст кай шавад дасткаши хаёли ман,
Кас назанад аз ин камон тири мурод бар ҳадаф.

Чанд ба ноз парварам меҳри бутони сангдил,
Ёди падар намекунанд ин писарони нохалаф.

Ман ба хаёли зоҳидӣ гӯшанишину турфа он-к
Муғбачае зи ҳар тараф мезанадам ба чангу даф.

Бехабаранд зоҳидон, нақш бихону ло тақул,
Масти риёст муҳтасиб, бода бидеҳ ва ло тахаф!

Сӯфии шаҳр бин, ки чун луқмаи шубҳа мехурад,
Пордумаш дароз бод он ҳаявони хушалаф!

Ҳофиз, агар қадам занӣ дар раҳи хонадон ба сидқ,
Бадрақаи раҳат шавад ҳиммати шаҳнаи Наҷаф.