Толиби илми назар шав, худ ҷуз ин таҳсил чист?

Толиби илми назар шав, худ ҷуз ин таҳсил чист?
Ҳосили таҳсили дигар ғайри қолу қил чист?

Чанд роҳи Каъба паймудан, даро дар майкада,
Ҷоми моломол гир, ин гоми миломил чист?

Маҷлиси дурдикашон бенуқл монд, ай муҳтасиб,
Сӯфии дарюзагарро бин, ки дар занбил1 чист?

Бонги парвози кабӯтар, к-оварад нома зи ту,
Гӯши ошиқро ҷуз овози пари Ҷабрил чист?

Меравӣ зуд аз назар, то бе ту мирам зудтар,
Умр худ мустаъҷил аст, ай ҷон, туро таъҷил чист?

Ишқро Эзид зулоле хонд дар Қуръон қадим,
Ай муфассир, шарҳ кун, к-ин нуктаро таъвил чист?

Чун диле равшан надорад шайхи шаҳр аз сӯзи ишқ,
Ин ҳама афрӯхтан дар савмаа қандил чист?

Гарна аз нодидани Юсуфрухе дар мотаманд,
Мисриёнро ҷомҳо бурдан фурӯ дар Нил чист?

Дар харобот аз лагадкӯби бало, Ҷомӣ, матарс,
Каъбаро кардӣ паноҳи худ, ҳароси пил чист?


1 Занбил – халтаи чармии гадоён.