То бар варақи гул задӣ аз мушк рақамҳо

То бар варақи гул задӣ аз мушк рақамҳо,
Дар васфи ту бишкаст сари ҷумла қаламҳо.

Ҳаргиз дили ман бе ту ҷудо аз аламе нест,
Ай қоидаи лутфи ту таскини аламҳо!

Дар лашкари ишқи ту асирон ҳама гирданд
В-аз оташи дилҳост дар он гирд аламҳо1.

Навъе дигар омад зи карам ҳар ситами ту,
Бо хастадилон мекунӣ анвои карамҳо.

З-ин пеш ғами ҷумла бутон бар дили ман буд,
Озод шудам бо ғами ту аз ҳама ғамҳо.

Теғи ситамат гуна зи хуни дигарон ёфт,
Бар ошиқи худ то кай аз ин гуна ситамҳо.

Соҳибназарон рӯй ниҳоданд ба Ҷомӣ,
З-он рӯз, ки дар роҳи ту шуд хоки қадамҳо.


1 Алам – парчам.