То бастаӣ ба турраи анбарфишон гиреҳ

То бастаӣ ба турраи анбарфишон гиреҳ,
Ушшоқро фитода ба рагҳои ҷон гиреҳ.

Мекард шона шарҳи ҷамоли ту мӯ ба мӯ,
Ногаҳ фиганд зулфи туаш бар забон гиреҳ.

Соқӣ зи ҷоми лаъли ту як нукта гуфт дӯш,
Дар ҳалқи шиша шуд майи чун арғувон гиреҳ.

Хоҳад фиреби мурғи чаман боғбон, ки зад
Ҷаъди бунафша бар тарафи бӯстон гиреҳ.

Мо хун кушода баҳри шакархандааш зи чашм
В-ӯ худ ба рағми мо зада бар абрувон гиреҳ.

Тоби гираҳ наёварад аз лутф он миён,
Мафган, Худойро, зи камар бар миён гиреҳ!

То дид Ҷомӣ он гираҳи зулф бар узор,
Сад орзуст дар дили мискин аз он гиреҳ.