То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд

205

То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.

Ҳалқаи пири муғонам зи азал дар гӯш аст,
Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.

Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.

Бирав, зй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту
Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.

Турки ошиқкуши ман маст бурун рафт имрӯз,
То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.

Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳам сар ба лаҳад,
То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд?

Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад хоҳад кард,
Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд.