То кай аз шавқи лабат ташнаҷигар хоҳам зист

То кай аз шавқи лабат ташнаҷигар хоҳам зист,
Бо дили сӯхтаву дидаи тар хоҳам зист.

Тоҷи иззат ба сарам хоки мазаллат шудааст,
Чанд дур аз дари ту хок ба сар хоҳам зист.

Гарчи сад бор чу мӯрам сипарӣ зери қадам,
Дар раҳи хидмати ту баста камар хоҳам зист.

Баски зад шуълаам имшаб раги ҷон бе ту чу шамъ,
Равшанам нест, ки то вақти саҳар хоҳам зист.

Ҷон зи тан рафту хаёли ту ба ҷояш бинишаст,
Бо ту хоҳам пас аз ин зист, агар хоҳам зист.

Зистан бо ту чу аз дасти рақибон натавон,
Баъд аз ин бе ту ба пайғому хабар хоҳам зист.

Меравӣ шод, ки, Ҷомӣ, ба ғами мо хуш зӣ,
Бе ту пайдост, ки ман чанд дигар хоҳам зист.