То кай аз ҳаҷри ту бо ғам ҳамнишин хоҳем буд

То кай аз ҳаҷри ту бо ғам ҳамнишин хоҳем буд,
Бо сиришки гарму оҳи оташин хоҳем буд?

Ту ҳарифи дигарон, мо аз ғамат ҷомадорон,
То ту бошӣ ончунон, мо инчунин хоҳем буд.

Дар камони абрӯят бинад ниҳон ҳар каҷназар,
Баъд аз ин ҳар ҷо, ки бошӣ, дар камин хоҳем буд.

Сунбули зулфи ту чун хирман ниҳад бар гул зи мушк,
Гирди он хирман гадои хӯшачин хоҳем буд.

То қадам берун ниҳӣ, бар остонат умрҳо
Истода нақди ҷон дар остин хоҳем буд.

Чун ту аз андӯҳи мо шодӣ, махур ғам з-он ки мо
Аз ту доим бо дили андӯҳгин хоҳем буд.

Ай нишонда бар бисоти айш халқе, то ба кай
Мо ба кӯйи ғам чу Ҷомӣ бар замин хоҳем буд?