То кай он шӯх маро бинаду нодида кунад

То кай он шӯх маро бинаду нодида кунад,
Бишнавад нолаи зори ману нашнида кунад.

Чун бигирям бари ӯ фош, зи ман пинҳонӣ
Дар рақибон нигарад, хандаи дуздида кунад.

Бар замине, ки шавад дида нишони қадамаш,
Ҳар кӣ аҳли назар он ҷо қадам аз дида кунад.

Ман надорам гилае з-он калаи шоназада,
Ҳар чӣ бо ман кунад, он турраи жӯлида кунад.

Бархарошида дилам, гӯ, магузар, з-он ки мабод,
К-аш хароши дили ман пой харошида кунад.

Пардаи зоҳиди солус1 барандохта бод,
Бо бутон чанд назарбозии пӯшида кунад.

Ҷомӣ, аз ёри писандида чӣ ранҷӣ, ҳошо,
К-он писандида ба ҷуз кори писандида кунад.


1 Солус – риёкор, фиребгар.