То мард сухан нагуфта бошад

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист
Бошад, ки паланги хуфта бошад.

То вақте ки инсон хомӯш бошаду сухане нагуфта бошад, сифатҳои хубу бади ӯ (ва сатҳи донишу ҳунари ӯ) пинҳон аст. (Инсони хомӯш мисли беша ва ҷангалест, ки ҳанӯз ба даруни он ворид нашудаем ва намедонем, ки дар он чист.) Аз ин рӯ, ту набояд пешопеш гумон кунӣ, ки ин беша холист, зеро ҳамеша эҳтимол дорад, ки дар ин беша паланге ё ҳайвони ваҳшии дигаре хобида бошад.

(Пас, дар бораи инсони хомӯше, ки ҳанӯз сухан нагуфтааст, набояд пешакӣ хулоса барорӣ, зеро шояд ӯ шахси донишманду зираке бошад ва ё баракс, шахси аблаҳу нодоне бошад. Ҳамон гуна ки Мавлонои Балхӣ дар Маснавӣ овардааст:

Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.

Ё ҳамон байти машҳури Бедил, ки:

Бетамизиҳои мардум дар сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.)