То намуда-ст сар аз тарфи кулаҳ кокули ту

То намуда-ст сар аз тарфи кулаҳ кокули ту,
Рӯз бар каҷкулаҳон карда сияҳ кокули ту.

Бар сари мавкиби хуршедҷабинон ту шаҳӣ,
Ҳиндуи чатркушо бар сари шаҳ кокули ту.

Рафт бар боди ҳаво риштаи ҷамъияти мо,
Менадорад сари ин ришта нигаҳ кокули ту.

Дил ба фикри зақани туст, дареғо, ки нашуд
Дастгири дили афтода ба чаҳ кокули ту.

То суйи хеш кашад дил зи ҳама рӯйи замин,
Расан овехта аз торами маҳ кокули ту.

Сар натобанд ҳанӯз аз раҳи ту мискинон,
Бо ҳама сар, ки фиканда-ст ба раҳ кокули ту.

Чун раҳад Ҷомӣ аз ин сон, ки шавад доми раҳаш
Гаҳ хати сабзи ту, гаҳ зулфи ту, гаҳ кокули ту?!