То нақши хаёли дӯст бо мост

104

То нақши хаёли дӯст бо мост,
Моро ҳама умр худ тамошост!

Он ҷо, ки висоли дӯстон аст,
Валлаҳ, ки миёни хона саҳрост!

В — он ҷо, ки муроди дил барояд,
Як хор биҳ аз ҳазор хурмост!

Чун бар сари кӯйи ёр хусбем,
Болину лиҳофи мо Сурайёст!

Чун дар сари зулфи ёр печем,
Андар шаби қадр қадр морост!

Чун акси ҷамоли ӯ битобид,
Куҳсору замин ҳариру дебост!

Аз бод чу бӯйи ӯ бипурсем,
Дар бод садои чангу сурност!

Бар хок чу номи ӯ нависем,
Ҳар пораи хок ҳуру ҳурост!

Бар оташ аз ӯ фусун бихонем,
З-ӯ оташи тези обсимост!

Қисса, чи кунам, ки бар адам низ
Номаш чу барем, ҳастиафзост!

Он нукта, ки ишқи ӯ дар он ҷост,
Пурмағзтар аз ҳазор ҷавзост!

В-он лаҳза, ки ишқ рӯй бинмуд,
Инҳо ҳама аз миёна бархост!

Хомуш, ки тамом хатм гаштаст,
Куллии мурод Ҳақ таъолост!