То хабар дорам аз ӯ, бехабар аз хештанам

409

То хабар дорам аз ӯ, бехабар аз хештанам,
Бо вуҷудаш зи ман овоз наёяд, ки манам.

Пираҳан мебидарам дам ба дам аз ғояти шавқ,
Ки вуҷуди ҳама ӯ гашту ман ин пираҳанам.

Эй рақиб, ин ҳама савдо макуну ҷанг маҷӯй,
Барканам дида, ки ман дида аз ӯ барнаканам.

Худ гирифтам, ки нагӯям, ки маро воқиаест,
Душману дӯст бидонанд қиёс аз суханам.

Дар ҳама шаҳр фароҳам нанишаст анҷумане,
Ки на ман дар ғамаш афсонаи он анҷуманам.

Баршикаст аз ману аз ранҷи дилам бок надошт,
Ман на онам, ки тавонам, ки аз ӯ баршиканам.

Дар ҳама сӯз равад бо мани мискин дар гӯр,
Хок агар боз кунӣ, сӯхта ёбӣ кафанам.

Гар ба хун ташнаӣ, инак ману сар, боке нест,
Ки ба фитроки ту беҳ, з-он ки бувад бар баданам.

Марду зан гар ба ҷафо кардани ман бархезанд,
Гар бигардам зи вафои ту, на мардам, ки занам.

Шарти ақл аст, ки мардум бигурезанд аз тир,
Ман, гар аз дасти ту бошад, мижа бар ҳам назанам.

То ба гуфтор дарояд даҳани ширинат,
Бими он аст, ки шӯре ба ҷаҳон дарфиканам.

Лаби Саъдию даҳонат зи куҷо то ба куҷо?
Ин қадар бас, ки равад номи лабат бар даҳанам.