То чашми ту ишвасоз хоҳад будан

То чашми ту ишвасоз хоҳад будан,
Сад дилшуда ишқбоз хоҳад будан.
То аз тарафи ту ноз хоҳад будан,
Аз ҷониби мо ниёз хоҳад будан.