Турки шириншамоиле, ки марост

Турки шириншамоиле, ки марост,
Кай тавонам бад-ин диле, ки марост?!

Ман гирифтору ёр мустағнӣ,
Оҳ аз ин кори мушкиле, ки марост!

Шуд пайи дастбӯси қотили ман
Бӯс бар дасти қотиле, ки марост.

Риштаи ҷон зи дил забона кашид,
Ин бувад шамъи маҳфиле, ки марост.

Ҳама беҳосиливу гумроҳист,
Дар раҳи ишқ ҳосиле, ки марост!

Гум шудам дар ғамаш чунон, ки аҷал
Раҳ наёбад ба манзиле, ки марост.

Ҷомиям масту ринду расво хонд,
Кард шарҳи фазоиле, ки марост.