Туро, ай нозанин, ҳар сӯ зи дилҳо сад сипаҳ бодо

Туро, ай нозанин, ҳар сӯ зи дилҳо сад сипаҳ бодо,
Ба ҳар ҷо бигзарӣ, сад ҷони покат хоки раҳ бодо!

Ҳаметарсам шавад озурда он тан в-арна мегуфтам:
– Туро ҳар шаб даруни дидаи ман хобгаҳ бодо!

Зи ҳукми ақл мебахшад фароғат ишқи ту моро,
Ҳамеша ишқи ту дар кишвари дил подшаҳ бодо!

Сияҳрӯ хондиям в–он мӯҷиби сад сурхрӯйӣ шуд,
Сари мӯе агар гӯям хато, рӯям сияҳ бодо!

Туфайли дигарон бошад, ки ёбам лаззати теғат,
Ҳамеша хӯйи ту хунрезии ҳар бегунаҳ бодо!

Кулаҳ каҷ карда меронӣ саманду халқ мегӯянд:
– Худо ҳамвора ёри ин савори каҷкулаҳ бодо!

Дили Ҷомӣ, ки шуд бутхона аз меҳри буте чун ту,
На дар вай фикри масҷид, не ҳавои хонақаҳ бодо!