Туро зи ҳоли парешони мо чӣ ғам дорад?

169

Туро зи ҳоли парешони мо чӣ ғам дорад?
Агар чароғ бимирад, сабо чӣ ғам дорад?

Туро ки ҳар чӣ мурод аст, меравад аз пеш,
Зи бемуродии имсоли мо чӣ ғам дорад?

Ту подшоҳӣ, агар чашми посбон ҳама шаб
Ба хоб дарнаравад, подшо чӣ ғам дорад?

Хатост ин, ки дили дӯстон биёзорӣ,
Валек қотили амд аз хато чӣ ғам дорад?

Амири хубон, охир, гадои хайли туем,
Ҷавоб деҳ, ки амир аз гадо чӣ ғам дорад?

Бакалъазулу ало моҷаро лиаҷфонӣ,1
Рафиқи ғофил аз ин моҷаро чӣ ғам дорад?

Ҳазор душман агар дар қафост орифро,
Чу рӯи хуби ту дид, аз қафо чӣ ғам дорад?

Қазо ба талхию ширинӣ, эй писар, рафтаст,
Ту гар туруш бинишинӣ, қазо чӣ ғам дорад?

Балои ишқ азим аст лоуболиро,2
Чу дил ба марг ниҳод, аз бало чӣ ғам дорад?

Ҷафову ҳар чӣ тавонӣ бикун, ки Саъдиро,
Ки тарки хеш гирифт, аз ҷафо чӣ ғам дорад?


1 Бар моҷарои дидаи ман душманам гирист.
2 Беқайд, бепарво.