Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ

445

Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ,
Чӣ ғам зи ҳоли заъифони нотавон дорӣ?

Бихоҳ ҷону дил аз бандаву равон биситон,
Ки ҳукм бар сари озодагон равон дорӣ.

Миён надорию дорам аҷаб, ки ҳар соат
Миёни маҷмаъи хубон кунӣ миёндорӣ.

Баёзи рӯи туро нест нақш дархур аз, он-к
Саводе аз хати мушкин бар арғавон дорӣ.

Бинӯш май, ки сабукрӯҳию латиф мудом,
Алалхусус дар он дам, ки сар гарон дорӣ.

Макун итоб аз ин бешу ҷавр бар дили мо,
Макун, ҳар он чи тавонӣ, ки ҷойи он дорӣ.

Ба ихтиёрат агар сад ҳазор тири ҷафост,
Ба қасди ҷони мани хаста дар камон дорӣ.

Бикаш ҷафои рақибон мудому ҷаври ҳасуд,
Ки саҳл бошад, агар ёри меҳрубон дорӣ.

Ба васли дӯст гарат даст медиҳад як дам,
Бирав, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ.

Чу гул ба доман аз ин боғ мебарӣ, Ҳофиз,
Чӣ ғам зи нолаву фарёди боғбон дорӣ?!