Турушрӯеву хашмине чунин ширин надидастам

498

Турушрӯеву хашмине чунин ширин надидастам,
Зи афсунҳо-ш Маҷнунам, зи афсонҳо-ш сармастам!

Бутон бас дидаам, ҷоно, валекин не чунин зебо,
Туйӣ пайвандаму хешам, кунун дар хеш дарҷустам!

Ҳама шаб аз парешонӣ чунон будам, ки медонӣ,
Валек ин дам зи ҳайронӣ, каримо, аз дигар дастам!

Аз ин ҳолат, ки дил дорад, бигиру барҷаҳон ӯро,
Ки ман — хокӣ зи саъйи ту зи рӯйи хок барҷастам!