Туӣ он офтоби оламорой

Туӣ он офтоби оламорой,
Ки дорӣ дар дили ҳар заррае ҷой!

Ҷамолатро аморӣ дар иморат
Намегунҷад, суйи вайрони мо ой!

Мапӯш аз мо ба мо нури рухи хеш,
Ба гил хуршеди тобонро маяндой!

Миёни мову ту моем парда,
Карам кун в-аз миён ин парда бикшой.

Хирад занг аст бар ойинаи ишқ,
Бидеҳ май, соқиё в-ин занг биздой!

Чу ҷонон ҷони ҷони туст, Ҷомӣ,
Ҷаҳон дар ҷустуҷӯйи ӯ мапаймой.

Бизан дар домани он ҷони ҷон даст,
Манеҳ дигар бурун аз хештан пой!