Ту аз ҳар дар ки боз оӣ ба ин хубию зебоӣ

497

Ту аз ҳар дар ки боз оӣ ба ин хубию зебоӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯи халқ бикшоӣ.

Маломатгӯи беҳосил турунҷ аз даст нашносад,
Дар он маъраз, ки чун Юсуф ҷамол аз парда бинмоӣ.

Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро,
Ту симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёроӣ.

Чу булбул рӯи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳасрат фурӯ бастаст гӯёӣ.

Ту бо ин ҳусн натвонӣ, ки рӯй аз халқ дарпӯшӣ,
Ки ҳамчун офтоб аз ҷому ҳур аз ҷома пайдоӣ.

Ту соҳибмансабӣ, ҷоно, зи мискинон наяндешӣ,
Ту хоболудаӣ, бар чашми бедорон набахшоӣ.

Гирифтам, сарви озодӣ, на аз мои маъин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чу донистӣ, ки аз моӣ.

Дуое гар намегӯӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар талх аст, ширин аст, аз он лаб ҳар чӣ фармоӣ.

Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поёбам бирафт, акнун бидонистам, ки дарёӣ.

Ту хоҳӣ, остин афшону хоҳӣ, рӯй дар ҳам каш,
Магас ҷое нахоҳад рафтан аз дуккони ҳалвоӣ.

Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.