Ту то дурӣ зи ман, ҷоно, чунин беҷон ҳамегардам

501

Ту то дурӣ зи ман, ҷоно, чунин беҷон ҳамегардам,
Чу дар чархам даровардӣ, ба гирдат з-он ҳамегардам!

Чу боғи васл хушбӯям, чу оби соф дар ҷӯям,
Чу иҳсон аст ҳар сӯям, дар ин иҳсон ҳамегардам!

Маро афтод кори хуш зиҳӣ кору шикори хуш!
Чу боди навбаҳорон хуш, дар ин бустон ҳамегардам!

Чи ҷойи боғу бустонаш, ки нафрӯшам ба сад ҷонаш,
Шудам ман гӯйи майдонаш, дар ин майдон ҳамегардам!

Касе бошад малӯл, ай ҷон, ки ӯ набвад қабул, ай ҷон,
Манам оли Расул, ай ҷон, паси султон ҳамегардам!

Туро гӯям чаро мастам, зи лаълаш бӯй бурдастам,
Каланди ишқ дар дастам, ба гирди кон ҳамегардам!

Манам аз кимиёи ҷон, чи ҷойи дил, чи ҷойи ҷон?!
На чун ту осиёи нон, ки гирди нон ҳамегардам!

Қадаҳворам дар ин даврон миёни ҳалқаи мастон,
Зи дасти ин ба дасти он бад-ин дастон ҳамегардам!