Ту ҳеч аҳд набастӣ, ки оқибат нашикастӣ

522

Ту ҳеч аҳд набастӣ, ки оқибат нашикастӣ,
Маро ба оташи сӯзон нишондию нанишастӣ.

Бинои меҳр намудӣ, ки пойдор намонад,
Маро ба банд бибастӣ, худ аз каманд биҷастӣ.

Дилам шикастию рафтӣ хилофи шарти муваддат1,
Ба эҳтиёт рав акнун, ки обгина шикастӣ.

Чароғ чун ту набошад ба ҳеч хона, валекин
Кас ин сарой набандад дар, инчунин ки ту бастӣ.

Гарам азоб намоӣ ба доғу дарди ҷудоӣ,
Шиканҷа сабр надорам, бирез хунаму растӣ.

Биё, ки мо сари ҳастию кибриёву руунат2
Ба зери пой ниҳодему пой бар сари ҳастӣ.

Гарат ба гӯшаи чашме назар бувад ба асирон,
Давои дарди ман аввал, ки бегуноҳ бихастӣ.

Ҳар он касат, ки бибинад, раво бувад, ки бигӯяд,
Ки ман биҳишт бидидам ба ростию дурустӣ.

Гарат касе бипарастад, маломаташ накунам ман,
Ту ҳам дар оина бингар, ки хештан бипарастӣ.

Аҷаб мадор, ки Саъдӣ, ба ёди дӯст бинолад,
Ки ишқ мӯҷиби шавқ асту хамр иллати мастӣ.


1 Дӯстӣ, муҳаббат.
2 Худбинӣ, худписандӣ.