Тӯтӣ нагӯяд аз ту диловезтар сухан

462

Тӯтӣ нагӯяд аз ту диловезтар сухан,
Бо шаҳд меравад зи даҳонат бадар сухан.

Гар ман нагӯямат, ки ту ширини оламӣ,
Ту хештар далел биёрӣ ба ҳар сухан.

Воҷиб бувад, ки бар суханат офарин кунанд,
Лекин маҷоли гуфт набошад, ту дар сухан.

Дар ҳеч бӯстон чу ту сарве наёмадаст
Бодомчашму пистадаҳону шакарсухан.

Ҳаргиз шунидаӣ зи буни сарв бӯи мушк,
Ё гӯш кардаӣ зи даҳони қамар сухан?

Инсоф нест пеши ту гуфтан ҳадиси хеш,
Ман аҳд мекунам, ки нагӯям дигар сухан.

Чашмони дилбарат ба назар сеҳр мекунанд,
Ман худ чӣ гуна гӯямат андар назар сухан?

Эй бод, агар маҷоли сухан гуфтанат бувад,
Дар гӯши он малул бигӯй ин қадар сухан.

Васфе чунон, ки лоиқи ҳуснат намеравад,
Ошуфтаҳолро набувад муътабар сухан.

Дур мечакад зи мантиқи Саъдӣ ба ҷои шеър,
Гар сим доштӣ1, бинавиштӣ ба зар сухан.

Донандаш аҳли фазл, ки мискин ғариқ буд,
Ҳар гаҳ ки дар сафина бибинанд тар сухан.


1 Агар пулдор буд.