Тӯфайли ҳастии ишқанд одамию парӣ

452

Тӯфайли ҳастии ишқанд одамию парӣ,
Иродате бинамо, то саодате бибарӣ,

Бикӯш, хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош,
Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.

Майи сабӯҳу шакархоби субҳдам то чанд?
Ба узри нимишабӣ кӯшу гиряи саҳарӣ.

Ту худ чӣ луъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки дар баробари чашмию ғоиб аз назарӣ?!

Ҳазор ҷони муқаддас бисӯхт з-ин ғайрат,
Ки ҳар сабоҳу масо шамъи маҷлиси дигарӣ.

Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом,
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ:

Биё, ки вазъи ҷаҳонро, чунон ки ман дидам,
Гар имтиҳон бикунӣ, май хурию ғам нах(в)арӣ.

Кулоҳи сарварият каҷ мабод бар сари ҳусн,
Ки зеби бахту сазовори тахту тоҷи сарӣ.

Ба бӯйи зулфу рухат мераванду меоянд
Сабо ба ғолиясойию гул ба ҷилвагарӣ.

Чу ҳар хабар, ки шунидам, даре ба ҳайрат дошт,
Аз ин сипас ману риндию вазъи бехабарӣ.

Чу мустаидди назар нестӣ, висол маҷӯй,
Ки ҷоми Ҷам накунад суд вақти бебасарӣ.

Дуои гӯшанишинон бало бигардонад,
Чаро ба гӯшаи чашме ба мо наменигарӣ?

Биёву салтанат аз мо бихар ба мояи ҳусн
В-аз ин муомила ғофил машав, ки ҳайф х(в)арӣ.

Тариқи ишқ тариқе аҷаб хатарнок аст,
Наузубиллаҳ, агар раҳ ба мақсаде набарӣ.

Ба юмни ҳиммати Ҳофиз умед ҳаст, ки боз
«Аро усомиру Лайлоя лайлатал-қамарӣ».