Умрҳо дар паи мақсуд ба ҷон гардидем

436

Умрҳо дар паи мақсуд ба ҷон гардидем,
Дӯст дар хонаву мо гирди ҷаҳон гардидем.

Худ саропардаи қадраш зи макон берун буд,
Он ки мо дар талабаш ҷумла ҷаҳон гардидем.

Ҳамчу булбул ҳама шаб наъразанон, то хуршед
Рӯй бинмуд, чу хаффош ниҳон гардидем.

Гуфта будем ба хубон, ки набояд нигарист,
Дил бибурданду зарурат нигарон гардидем.

Сифати Юсуфи нодида баён мекарданд,
Бо миён омаду беномунишон гардидем.

Рафта будем ба хилват, ки дигар май нахурем,
Соқиё, бода бидеҳ, к-аз сари он гардидем,

То ҳама шаҳр биёянду бибинанд, ки мо
Пир будему дигарбора ҷавон гардидем.

Саъдиё, лашкари хубон ба шикори дили мо,
Гӯ, маёед, ки мо сайди фалон гардидем.