Фаромӯшат накард Эзад дар он ҳол

Фаромӯшат накард Эзад дар он ҳол,
Ки будӣ нутфае мадфуну мадҳуш.

Равонат доду табъу ақлу идрок,
Ҷамолу нутқу рою фикрату ҳуш.

Даҳ ангуштат мураттаб кард бар каф,
Ду бозуят мураккаб сохт бар дӯш.

Кунун пиндорӣ, эй ночизҳиммат,
Ки хоҳад карданат рӯзе фаромӯш?!