Фаррух сабоҳи он ки ту бар вай назар кунӣ

620

Фаррух сабоҳи он ки ту бар вай назар кунӣ,
Фирӯзрӯз он ки ту бар вай гузар кунӣ.

Озод бандае, ки бувад дар рикоби ту,
Хуррам вилояте, ки ту он ҷо сафар кунӣ.

Дигар наботро нахарад муштарӣ ба ҳеч,
Як бор агар табассуми ҳамчун шакар кунӣ.

Эй офтоби равшану эй сояи ҳумой,
Моро нигоҳе аз ту тамом аст, агар кунӣ.

Ман бо ту дӯстию вафо кам намекунам,
Чандон ки душманию ҷафо бештар кунӣ.

Мақдури ман сарест, ки дар поят афканам,
Гар з-он ки илтифот бад-ин мухтасар кунӣ.

Умрест, то ба ёди ту шаб рӯз мекунам,
Ту хуфтаӣ, ки гӯш ба оҳи саҳар кунӣ.

Донӣ, ки рӯям аз ҳама олам ба рӯи туст,
Зинҳор, агар ту рӯй ба рӯе дигар кунӣ.

Гуфтӣ, ки деру зуд ба ҳолат назар кунам,
Оре, кунӣ, чу бар сари хокам гузар кунӣ.

Шарт аст, Саъдиё, ки ба майдони ишқи дӯст
Худро ба пеши тири маломат сипар кунӣ.

В-аз ақл беҳтарат сипаре бояд, эй ҳаким,
То аз хаданги ғамзаи хубон ҳазар кунӣ.