Фарҳодро чу бар рухи Ширин назар фитод

156

Фарҳодро чу бар рухи Ширин назар фитод,
Дудаш ба сар даромаду аз пой дарфитод.

Маҷнун зи ҷоми талъати Лайлӣ чу маст шуд,
Фориғ зи модару падару симу зар фитод.

Ромин чу ихтиёр ғами ишқи Вис кард,
Якборагӣ ҷудо зи кулоҳу камар фитод.

Вомиқ чу кораш аз ғами Азро ба ҷон расид,
Кораш мудом бо ғаму оҳи саҳар фитод.

З-ин гуна сад ҳазор кас аз пиру аз ҷавон
Маст аз шароби ишқ, чу ман бехабар фитод.

Бисёр кас шуданд асири каманди ишқ,
Танҳо на аз барои ман ин шӯру шар фитод.

Рӯзе ба дилбаре назаре кард чашми ман,
З-он як назар маро ду ҷаҳон аз назар фитод.

Ишқ омад, ончунон ба дилам дарзад оташе,
К-аз вай ҳазор сӯз маро дар ҷигар фитод.

Бар ман магир, агар шудам ошуфтадил зи ишқ,
Монанди ин басе зи қазову қадар фитод.

Саъдӣ, зи халқ чанд ниҳон рози дил кунӣ,
Чун моҷарои ишқи ту як-як бадар фитод?!