Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш

277

Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш,
Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш.

Дилрабоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,
Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматгораш.

Ҷойи он аст, ки хун мавҷ занад дар дили лаъл,
З-ин тағобун, ки хазаф мешиканад бозораш.

Булбул аз файзи гул омӯхт сухан, в-арна набуд
Ин ҳама қавлу ғазал таъбия дар минқораш.

Эй ки дар кӯчаи маъшуқаи мо мегузарӣ,
Барҳазар бош, ки сар мешинканад девораш.

Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст,
Ҳар куҷо ҳаст, Худоё, ба саломат дораш.

Суҳбати офиятат гарчи хуш афтад, эй дил,
Ҷониби ишқ азиз аст, фурӯ магзораш.

Сӯфии сархуш аз ин даст, ки каҷ кард кулоҳ,
Ба ду ҷоми дигар ошуфта шавад дастораш.

Дили Ҳофиз, ки ба дидори ту хӯгар шуда буд,
Нозпарварди висол аст, маҷӯ озораш.