Хабарат харобтар кард ҷароҳати ҷудоӣ

501

Хабарат харобтар кард ҷароҳати ҷудоӣ,
Чӣ хаёл оби равшан, ки ба ташнагон намоӣ.

Ту чӣ армағоне орӣ, ки ба дӯстон фиристӣ?
Чӣ аз ин беҳ армағоне, ки ту хештан биёӣ?

Бишудию дил бибурдию ба дасти ғам супурдӣ,
Шабу рӯз дар хаёлию надонамат куҷоӣ?

Дили хешро бигуфтам, чу ту дӯст мегирифтам,
На аҷаб, ки хубрӯён бикунанд бевафоӣ.

Ту ҷафои худ бикардию на ман наметавонам,
Ки ҷафо кунам, валекин на ту лоиқи ҷафоӣ.

Чӣ кунанд, агар таҳаммул накунанд зердастон?
Ту ҳар он ситам, ки хоҳӣ, бикунӣ, ки подшоӣ.

Сухане ки бо ту дорам, ба насими субҳ гуфтам,
Дигаре намешиносам, ту бибар, ки ошноӣ.

Ман аз он гузаштам, эй ёр, ки бишнавам насиҳат,
Бирав, эй фақеҳу моро мафурӯш порсоӣ.

Ту ки гуфтаӣ, тааммул накунам ҷамоли хубон,
Бикунӣ, агар чу Саъдӣ назаре биёзмоӣ.

Дари чашми бомдодон ба биҳишт баркушудан
На чунон латиф бошад, ки ба дӯст баркушоӣ.