Хабар кун, ай ситора, ёри моро

23

Хабар кун, ай ситора, ёри моро,
Ки дарёбад дили хунхори мо!

Хабар кун он табиби ошиқонро,
Ки то шарбат диҳад бемори моро!

Бигӯ шаккарфурӯши шаккаринро,
Ки то равнақ диҳад бозори моро!

Агар дар сир бигардонӣ дили худ,
На душман бишнавад асрори моро!

Пас андар ишқ душманком гардам,
Ки душман мепарастад кори моро!

Агарчи душмани мо ҷон надорад,
Бисӯзон ҷони душмандори моро!

Агар гил бар сарастат, то нашӯйӣ,
Биёру бишкуфон гулзори моро!

Биё, ай Шамси Табрезии наййир,
Бад-он рух нур диҳ дидори моро!