Халқе чу гул шукуфтаву хандон ба тарфи боғ

Халқе чу гул шукуфтаву хандон ба тарфи боғ,
Мову диле зи ҳаҷри ту чун лола доғ-доғ.

Дар боғ агар на бӯйи ту ёбам ба ҳар гуле,
Оҳе занам ман аз дилу оташ занам ба боғ.

Пӯшида дор ғунчасифат пераҳан зи бод,
То бӯйи ӯ чу гул нашавад атри ҳар димоғ.

Ҳоҷат мабар ба хонаи ҳамсоя, ай рафиқ,
К-имшаб шарори синаи ман бас бувад чароғ.

Дар чобукӣ тариқи ту варзанд некувон,
Лекин хироми кабки дарӣ нест кори зоғ.

Кай соя бар сарам фиганад он ҳумои қудс,
Чун бар кулӯх менанишинад маро кулоғ.

Фасли баҳор баста ҷаҳоне ба айш дил,
Ҷомию дарди ишқу зи айши ҷаҳон фароғ.