Хареро аблаҳе таълим медод

Хареро аблаҳе таълим медод,
Бар ӯ-бар сарф кардӣ саъй доим.
Ҳакиме гуфташ: «Эй нодон, чӣ кушӣ
Дар ин савдо, битарс аз лавми лоим!
Наёмӯзад баҳоим аз ту гуфтор,
Ту хомӯшӣ биёмӯз аз баҳоим.»