Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ

413

Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ,
Хуш ҳалқаест, лек бадар нест роҳ аз ӯ.

Абрӯи дӯст гӯшаи меҳроби давлат аст,
Он ҷо бимол чеҳраву ҳоҷат бихоҳ аз ӯ.

Эй ҷуръанӯши маҷлиси Ҷам, сина пок дор,
К-ойинаест ҷоми ҷаҳонбин, ки оҳ аз ӯ!

Кирдори аҳли савмаам кард майпараст,
Ин дуда бин, ки номаи ман шуд сиёҳ аз ӯ.

Шайтони ғам ҳар он чи тавонад, бигӯ, бикун,
Ман бурдаам ба бодафурӯшон паноҳ аз ӯ.

Соқӣ, чароғи май ба раҳи офтоб дор,
Гӯ, барфурӯз машъалаи субҳгоҳ аз ӯ.

Обе ба рӯзномаи аъмоли мо фишон,
Битвон магар сутурд ҳуруфи гуноҳ аз ӯ.

Ҳофиз, ки сози маҷлиси ушшоқ рост кард,
Холӣ мабод арсаи ин базмгоҳ аз ӯ!

Оё дар ин хаёл, ки дорад гадои шаҳр,
Рӯзе бувад, ки ёд кунад подшоҳ аз ӯ?!