Хаёле буд, ё Раб, дӯш ё дар хоб медидам

Хаёле буд, ё Раб, дӯш ё дар хоб медидам,
Ки рӯяш дар назар бар каф шароби ноб медидам.

Ба иксири саодат ёфтам охир, биҳамдуллаҳ,
Висолашро, ки ҳамчун кимиё ноёб медидам.

Чӣ ҳоҷат буд шамъ афрӯхтан дар базми ӯ, ё Раб,
Чу аз акси рухаш олам ҳама маҳтоб медидам.

Ба доғи номуродӣ ҷону дил месӯхт душманро,
Чу худро бар муроди хотири аҳбоб медидам.

Басе бар хок судам пеши пойи соқӣ аз мастӣ
Саре, к-аш саҷдагаҳ дар гӯшаи меҳроб медидам.

Ба Оби зиндагӣ пай бурд аз иқболи васли ӯ,
Вале аз оташи маҳҷурияш дар тоб медидам.

Ҷаҳоне ҷон ҳамедоданд баҳри ҷуръае, аммо
Зи ҷомаш Ҷомии лабташнаро сероб медидам.