Хаёли рӯйи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост

23

Хаёли рӯйи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост,
Насими мӯйи ту пайванди ҷони огаҳи мост.

Ба рағми муддаиёне, ки манъи ишқ кунанд,
Ҷамоли чеҳраи ту ҳуҷҷати муваҷҷаҳи мост.

Бубин, ки себи занахдони ту чӣ мегӯяд:
Ҳазор Юсуфи Мисрӣ фитода дар чаҳи мост.

Агар ба зулфи дарози ту дасти мо нарасад,
Гуноҳи бахти парешону дасти кӯтаҳи мост.

Ба ҳоҷиби дари хилватсарои хос бигӯ:
«Фалон зи гӯшанишинони хоки даргаҳи мост».

Ба сурат аз назари мо агарчи маҳҷуб аст,
Ҳамеша дар назари хотири мураффаҳи мост.

Агар ба соле Ҳофиз даре занад, бикушой,
Ки солҳост, ки муштоқи рӯйи чун маҳи мост.