Хаёли рӯйи ту чун бигзарад ба гулшани чашм

339

Хаёли рӯйи ту чун бигзарад ба гулшани чашм,
Дил аз пайи назар ояд ба сӯйи равзани чашм.

Сазои такягаҳат манзаре намебинам,
Манам зи оламу ин гӯшаи муайяни чашм.

Биё, ки лаълу гуҳар дар нисори мақдами ту
Зи ганҷхонаи дил мекашам ба равзани чашм.

Саҳар сиришки равонам сари харобӣ дошт,
Гарам на хуни ҷигар мегирифт домани чашм.

Нахустрӯз, ки дидам рухи ту, дил мегуфт:
Агар расад халале, хуни ман ба гардани чашм.

Ба бӯйи муждаи васли ту то саҳар шаби дӯш
Ба роҳи бод ниҳодам чароғи равшани чашм.

Ба мардумӣ, ки дили дардманди Ҳофизро
Мазан ба новаки дилдӯзи мардумафкани чашм.