Хилофи дӯстӣ кардан, ба тарки дӯстон гуфтан

460

Хилофи дӯстӣ кардан, ба тарки дӯстон гуфтан,
Набоястӣ намуд ин рӯю дигар бор бинҳуфтан.

Гадое подшоҳеро ба шӯхӣ дӯст медорад,
На бе ӯ метавон будан, на бо ӯ метавон гуфтан.

Ҳазорам дард мебошад, ки мегӯям, ниҳон дорам,
Лабам бо ҳам намеояд чу ғунча рӯзи бишкуфтан.

Зи дастам барнамехезад, ки инсоф аз ту бистонам,
Раво дорӣ гуноҳи хешу он гаҳ бар ман ошуфтан.

Кӣ мегӯяд, ба болои ту монад сарви бустонӣ?
Биёвар дар чаман сарве, ки битвонад чунин рафтан.

Чунонат дӯст медорам, ки васлам дил намехоҳад,
Камоли дӯстӣ бошад мурод аз дӯст нагрифтан.

Муроди Хусраву Ширин каноре буду оғӯше,
Муҳаббат кори Фарҳод асту кӯҳи Бесутун суфтан1.

Насиҳат гуфтан осон аст саргардони ошиқро,
Валекин бо кӣ мегӯӣ, ки натвонад пазируфтан?!

Шикоят пеш аз ин ҳолат ба наздикону ғамхорон
Зи дасти хоб мекардам, кунун аз дасти нохуфтан.

Гар аз шамшер баргардӣ, на олиҳимматӣ, Саъдӣ,
Ту, к-аз неше биёзурдӣ, нахоҳӣ ангубин руфтан.


1 Сӯрох кардан, шикофтан.