Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бустон ой

493

Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бустон ой,
Даҳон чун ғунча бикшою чу гулбун дар гулистон ой.

Дамодам ҳуриён аз хулди ризвон мефиристандат,
Ки эй ҳурии инсонӣ, даме дар боғи ризвон ой!

Гарат андеша мебошад зи бадгӯёни бемаънӣ,
Чу маънӣ миъҷаре1 барбанду чун андеша пинҳон ой.

Дилам гирди лаби лаълат Сикандарвор мегардад,
Нагӯӣ, к-охир, эй мискин, фарози оби ҳайвон ой.

Чу Ақраб2 душманон дорию ман бо ту чу Мизонам3,
Барои маслиҳат, моҳо, зи Ақраб сӯи Мизон ой.

Ҷаҳоне ишқбозонанд дар аҳди сари зулфат,
Раҳо кун роҳи бадаҳдию андар аҳди эшон ой.

Хушомад нест Саъдиро дар ин зиндони ҷисмонӣ,
Агар ту якдилӣ бо ӯ, чу ӯ дар олами ҷон ой!


1 Рӯсарӣ, рӯймол.
2 Номи бурҷҳои осмонӣ.
3 Номи бурҷҳои осмонӣ.