Хиромон меравад он шӯху сад бедил зи дунболаш

Хиромон меравад он шӯху сад бедил зи дунболаш,
Ба хун ғалтон зи новакҳои чашми масти қаттолаш.

Зи ман доман кашон бигзашт, биштоб, ай сабо, аз пай,
Бияфшон гарди идбори1 ман аз домони иқболаш.

Чу мӯре гаштаам аз заъф, ку он қуввати бахтам,
Ки бинам хешро рӯзе туфайли мӯр помолаш?!

Шудам бе ӯ зи мӯе зортар, ку номабар мурғе,
Ки бандам дар миёни нома худро бар пару болаш?!

Ҷавону шӯху худком асту боди хубияш дар сар,
Куҷо дар дил кунад ҷо панди пирони куҳансолаш?

Хаташ навруста райҳонест гирди чашмаи Ҳайвон,
Нашояд тухми он райҳон ба ғайр аз донаи холаш.

Ба хуни дида сурат баст шарҳи ҳоли худ Ҷомӣ,
Кӣ мегӯяд ба он султони хубон сурати ҳолаш?


1 Идбор – бадбахтӣ, шӯрбахтӣ.