Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш

322

Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш,
Ҳама сайди ақл гирад хами зулфи чун камандаш.

Чу дарахти қоматаш дид сабо, ба ҳам баромад,
Зи чаман наруст сарве, ки зи бех барнакандаш.

Агар офтоб бо ӯ занад аз газоф лофе,
Маҳи ту чӣ заҳра дорад, ки бувад суми самандаш?!

На чунон зи даст рафтаст вуҷуди нотавонам,
Ки муолиҷат тавон кард ба панд ё ба бандаш.

Гарам он қарор будӣ, ки зи дӯст барканам дил,
Нашунидаме зи душман суханони нописандаш.

Ту ки подшоҳи ҳуснӣ, назаре ба бандагон кун,
Ҳазар аз дуои дарвешу кафи ниёзмандаш!

Шакарин ҳадиси Саъдӣ бари ӯ чӣ қадр дорад,
Ки чун ӯ ҳазор тӯтӣ магас аст пеши қандаш.