Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест

75

Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест,
Тоби он зулфи парешони ту бе чизе нест.

Аз лабат шир равон буд, ки ман мегуфтам:
Ин шакар гирди намакдони ту бе чизе нест.

Ҷондарозии ту бодо, ки яқин медонам,
Дар камон новаки мижгони ту бе чизе нест.

Мубталоӣ ба ғами меҳнату андӯҳи фироқ,
Эй дил, ин нолаву афғони ту бе чизе нест.

Дӯш бод аз сари кӯяш ба гулистон бигузашт,
Эй гул, ин чоки гиребони ту бе чизе нест.

Дарди ишқ, арчи дил аз халқ ниҳон медорад,
Ҳофиз, ин дидаи гирёни ту бе чизе нест.