Хонаи дил боз кабӯтар гирифт

171

Хонаи дил боз кабӯтар гирифт,
Машғалаву бақри бақу1 дар гирифт!

Ғулғули мастон чу ба гардун расид,
Каргаси заррини фалак пар гирифт!

Бӯтарабун гашт маҳу муштарӣ,
Зуҳраи мутриб тараб аз сар гирифт!

Холиқи арвоҳ зи обу зи гил
Ойнае карду баробар гирифт!

З-ойна сад нақш шуду ҳар яке,
Он чи мар ӯрост муяссар, гирифт!

Ҳар ки диле дошт, ба пояш фитод,
Ҳар ки сар, ӯ сари минбар гирифт!

Хирмани арвоҳ ниҳоят надошт,
Мӯрчае чизи муқаррар гирифт!

Гар зи ту пур гашт ҷаҳон ҳамчу барф,
Нест шавӣ, чун тафи хур даргирифт!

Нест шав, ай барфу ҳама хок шав,
Бингар, к-ин хок чи зевар гирифт!

Хок батадриҷ бад-он ҷо расид,
К-аз фари ӯ ҳар ду ҷаҳон фар гирифт!

Бас, ки забон ин дам маъзул шуд,
Бас, ки ҷаҳон ҷони суханвар гирифт!


1 Садои кабӯтар.