Хонаи соҳибназарон мебарӣ

547

Хонаи соҳибназарон мебарӣ,
Пардаи парҳезкунон медарӣ.

Гар ту, паричеҳра, напӯшӣ ниқоб,
Тавбаи сӯфӣ ба зиён оварӣ.

Ин чӣ вуҷуд аст, намедонамат,
Одамиӣ ё малакӣ, ё парӣ?

Гар ҳама сармоя зиён мекунад,
Суд бувад дидани он муштарӣ.

Нусхаи ин рӯй ба наққош бар,
То бикунад тавба зи суратгарӣ.

Бо нигаҳат ҳоҷати шамшер нест,
Ҳамла ҳамеорию дил мебарӣ.

Гар ту дар оина тааммул кунӣ
Сурати худ, боз ба мо нангарӣ.

Хусрав агар аҳди ту дарёфтӣ,
Дил ба ту додӣ, ки ту ширинтарӣ.

Гар даре аз халқ бибандам ба рӯй,
Бар ту набандам, ки ба хотир-дарӣ.

Саъдӣ агар кушта шавад дар фироқ,
Зинда шавад, чун ба сараш бигзарӣ.