Хоҳам андар поят афтодан чу гӯй

627

Хоҳам андар поят афтодан чу гӯй,
В-ар ба чавгонам занад, ҳечаш магӯй.

Бар сари ушшоқ, тӯфон, гӯ, бибор,
Дар раҳи муштоқ, пайкон, гӯ, бирӯй.

Гар ба доғат мекашад, фармон бибар,
В-ар ба дардат мекушад, дармон маҷӯй.

Новдони чашми ранҷурони ишқ,
Гар фурӯ резанд, хун ояд ба ҷӯй.

Шод бош, эй маҷлиси рӯҳониён,
То кӣ хурд ин май, ки ман мастам ба бӯй?

Ҳар кӣ савдономаи1 Саъдӣ навишт,
Дафтари парҳезгорӣ, гӯ, бишӯй.

Ҳар кӣ нашнидаст рӯзе бӯи ишқ,
Гӯ, ба Шероз ою хоки мо бибӯй.


1 Ишқнома.