Хоҷа, биё, хоҷа, биё, хоҷа, дигар бор биё

7

Хоҷа, биё, хоҷа, биё, хоҷа, дигар бор биё,
Дафъ мадиҳ, дафъ мадиҳ, ай маҳи айёр, биё!

Ошиқи маҳҷур нигар, олами пуршӯр нигар,
Ташнаи махмур нигар, ай шаҳи хаммор, биё!

Пой туйӣ, даст туйӣ, ҳастии ҳар ҳаст туйӣ,
Булбули сармаст туйӣ, ҷониби гулзор биё!

Гӯш туйӣ, дида туйӣ в-аз ҳама бигзида туйӣ,
Юсуфи дуздида туйӣ, бар сари бозор биё!

Ай зи назар гашта ниҳон, ай ҳамаро ҷону ҷаҳон,
Бори дигар рақскунон бе дилу дастор биё!

Равшании рӯз туйӣ, шодии ғамсӯз туйӣ,
Моҳи шабафрӯз туйӣ, абри шакарбор, биё!

Ай алами олами нав, пеши ту ҳар ақл гарав,
Гоҳ маё, гоҳ марав, хез, ба якбор биё!

Ай дили оғушта ба хун, чанд бувад шӯру ҷунун,
Пухта шуд ангур кунун, ғӯра маяфшор, биё!

Ай шаби ошуфта, бирав, в-ай ғами ногуфта бирав,
Ай хиради хуфта, бирав, давлати бедор, биё!

Ай дили овора, биё, в-ай ҷигари пора, биё,
Вар раҳи дар баста бувад, аз раҳи девор биё!

Ай нафаси Нӯҳ, биё, в-ай ҳаваси рӯҳ, биё,
Марҳами маҷрӯҳ, биё, сиҳҳати бемор, биё!

Ай маҳи афрӯхта рӯ, оби равон дар дили ҷӯ,
Шодии ушшоқ биҷӯ, кӯрии ағёр, биё!

Бас бувад, ай нотиқи ҷон, чанд аз ин гуфти забон,
Чанд занӣ табли баён, бе даму гуфтор биё!