Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар

19

Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар,
Хуш-хуш бар аз эшон битавон хӯрд ба зар.
Наргис, ки кулаҳдори ҷаҳон аст, бибин,
К-ӯ низ чӣ гуна сар даровард ба зар.